Бозёфтҳои нави бостоншиносон дар Саразми куҳан

Date:

Бостоншиносони тоҷик аз мавзеи таърихии Саразми шаҳри Панҷакент ду дег ва оташдонҳоеро пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 35-и пеш аз мелод дахл доранд.

Дар ин бора Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих ва яке аз бостоншиносоне, ки дар ковишҳои археологии Саразм машғул аст, иттилоъ дод.

“Хурма ё дегро дар назди оташдоне пайдо кардем, ки дар дохили он устухонҳо мавҷуд буданд. Дар назди оташдон як чуқурии дигаре барои гирифтани хокистар сохта шудааст. Яъне метавон хулоса кард, ки ин ошхона будааст. Ду намуд дег пайдо кардем: яке конусшакл ва таҳи дигараш паҳнтар. Дегҳоро аз сафол ва сангрезаҳо пас аз хуб пухта кардан сохтаанд”, – мегӯяд Шарофиддин Қурбонов.

МЕДИА (YOUTUBE)

Абдураҳмон Пӯлодов, ки омӯзгори фанни таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, тайи чанд вақт дар ковишҳои археологӣ иштирок дорад, мегӯяд: “Ҳамзамон пайдо шудани якчанд осори таърихи қадим, аз қабили олоти сангин, пайкон, сангҳои коркардшуда, сафолҳои рангшуда, чоҳи беш аз 23-метра барои обкашӣ, рангҳои зарду сурх ва гулобӣ, ки барои оро додани сафол истифода шудаву аз минералҳои кӯҳӣ истеҳсол мешудааст, аз дастовардҳои ахири бостоншиносони тоҷик дар Саразм мебошад”.

ГАЛЛЕРЕЯ (13)













Қобили зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм дар сатҳи байнулмилалӣ 12-уми сентябри соли равон таҷлил хоҳад шуд. Ин ёдгории нодир бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 21-уми сентябри 2001 ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” эълон гардида буд. Сипас бо пешниҳоди Тоҷикистон 31-уми июли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...