Бозёфтҳои нави бостоншиносон дар Саразми куҳан

Бостоншиносони тоҷик аз мавзеи таърихии Саразми шаҳри Панҷакент ду дег ва оташдонҳоеро пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 35-и пеш аз мелод дахл доранд. Дар ин бора Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих ва яке аз бостоншиносоне, ки дар ковишҳои археологии Саразм машғул аст, иттилоъ дод. “Хурма ё дегро дар назди оташдоне пайдо кардем, ки дар дохили он […]

Хуршеди Фозил, махсус барои Asia-Plus

Бостоншиносони тоҷик аз мавзеи таърихии Саразми шаҳри Панҷакент ду дег ва оташдонҳоеро пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 35-и пеш аз мелод дахл доранд.

Дар ин бора Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих ва яке аз бостоншиносоне, ки дар ковишҳои археологии Саразм машғул аст, иттилоъ дод.

“Хурма ё дегро дар назди оташдоне пайдо кардем, ки дар дохили он устухонҳо мавҷуд буданд. Дар назди оташдон як чуқурии дигаре барои гирифтани хокистар сохта шудааст. Яъне метавон хулоса кард, ки ин ошхона будааст. Ду намуд дег пайдо кардем: яке конусшакл ва таҳи дигараш паҳнтар. Дегҳоро аз сафол ва сангрезаҳо пас аз хуб пухта кардан сохтаанд”, – мегӯяд Шарофиддин Қурбонов.

Абдураҳмон Пӯлодов, ки омӯзгори фанни таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда, тайи чанд вақт дар ковишҳои археологӣ иштирок дорад, мегӯяд: “Ҳамзамон пайдо шудани якчанд осори таърихи қадим, аз қабили олоти сангин, пайкон, сангҳои коркардшуда, сафолҳои рангшуда, чоҳи беш аз 23-метра барои обкашӣ, рангҳои зарду сурх ва гулобӣ, ки барои оро додани сафол истифода шудаву аз минералҳои кӯҳӣ истеҳсол мешудааст, аз дастовардҳои ахири бостоншиносони тоҷик дар Саразм мебошад”.

Қобили зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм дар сатҳи байнулмилалӣ 12-уми сентябри соли равон таҷлил хоҳад шуд. Ин ёдгории нодир бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 21-уми сентябри 2001 ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” эълон гардида буд. Сипас бо пешниҳоди Тоҷикистон 31-уми июли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.