Афзоиши муроҷиатҳо ба бемористонҳои Ашқобод бо аломатҳои коронавирус

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Ашқобод шумори онҳое афзоиш ёфта, ки бо нишонаҳои коронавирус ба бемористон муроҷиат мекунанд. Ташхиси ҳамаи онҳо "илтиҳоби шуш" гузошта мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ додаанд, ки рӯзона дар бемористонҳои пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ҷон медиҳад.

Як сокини Ашқобод гуфтааст, бемористони рақами 1-и пойтахт ҳоло пур аз бемор шуда, вазъ дар онҷо хеле нигаронкунанда аст.

"Дар онҷо танҳо мубталоён ба коронавирусро қабул мекунанд. Бемористон "лабрез" шудааст. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ташхиси илтиҳоби шуш гузошта мешавад", – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама рӯза дар ин бемористон даҳҳо одам ҷон медиҳад. "Дар бахши терапияи интенсивӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 кас мефавтад. Теъдоди фавту муроҷиаткунандаҳо одамро ба ҳайрат мегузорад. Кормандони бахши эҳёгарӣ ҳатто наметавонанд ҷасадҳоро сари вақт ба сардхона интиқол диҳанд", – изҳор доштааст сокини пойтахти Туркманистон.

Дар ҳамин ҳол хабар додаанд, ки дар беморхонаи "Роҳи оҳан"-и Ашқобод халтаҳои пластикӣ барои ҷасади онҳое, ки бар асари вирус фавтидаанд, намерасад, зеро ниҳодҳои дахлдори давлатӣ сари вақт бемористонро бо халтаҳои мазкур наметавонанд таъмин кунанд.

Талошҳои хабаргузорӣ барои дарёфти назари масъулони бемористонҳои рақами 1 ва "Роҳи оҳан"-и Ашқобод дар ин бора бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.         

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...