Афзоиши муроҷиатҳо ба бемористонҳои Ашқобод бо аломатҳои коронавирус

Дар шаҳри Ашқобод шумори онҳое афзоиш ёфта, ки бо нишонаҳои коронавирус ба бемористон муроҷиат мекунанд. Ташхиси ҳамаи онҳо "илтиҳоби шуш" гузошта мешавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ додаанд, ки рӯзона дар бемористонҳои пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ҷон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Ашқобод шумори онҳое афзоиш ёфта, ки бо нишонаҳои коронавирус ба бемористон муроҷиат мекунанд. Ташхиси ҳамаи онҳо "илтиҳоби шуш" гузошта мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ додаанд, ки рӯзона дар бемористонҳои пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ҷон медиҳад.

Як сокини Ашқобод гуфтааст, бемористони рақами 1-и пойтахт ҳоло пур аз бемор шуда, вазъ дар онҷо хеле нигаронкунанда аст.

"Дар онҷо танҳо мубталоён ба коронавирусро қабул мекунанд. Бемористон "лабрез" шудааст. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ташхиси илтиҳоби шуш гузошта мешавад", – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама рӯза дар ин бемористон даҳҳо одам ҷон медиҳад. "Дар бахши терапияи интенсивӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 кас мефавтад. Теъдоди фавту муроҷиаткунандаҳо одамро ба ҳайрат мегузорад. Кормандони бахши эҳёгарӣ ҳатто наметавонанд ҷасадҳоро сари вақт ба сардхона интиқол диҳанд", – изҳор доштааст сокини пойтахти Туркманистон.

Дар ҳамин ҳол хабар додаанд, ки дар беморхонаи "Роҳи оҳан"-и Ашқобод халтаҳои пластикӣ барои ҷасади онҳое, ки бар асари вирус фавтидаанд, намерасад, зеро ниҳодҳои дахлдори давлатӣ сари вақт бемористонро бо халтаҳои мазкур наметавонанд таъмин кунанд.

Талошҳои хабаргузорӣ барои дарёфти назари масъулони бемористонҳои рақами 1 ва "Роҳи оҳан"-и Ашқобод дар ин бора бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.         

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.