Коронавирус ба ҷамъоварии нафақаи солонаи ҳудуди 53 ҳазор нафар дар буҷет монеъ шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бар асари пандемияи корнавирус нимсолаи ааввали соли 2020 иҷрои нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъмин нашуд. Дар ин давра ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ 192,2 млн сомонӣ камтар маблағ ворид шуд, ки тақрибан ба ҳаҷми солонаи нафақаи зиёда аз 53 ҳазор кас баробар аст.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки 53 шаҳру навоҳӣ иҷрои қисмати даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро таъмин карда натавонистаанд.

Бо назардошти 303 сомонӣ будани нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ, ки ба ҳар кас дар як сол наздики 3,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ин нишондиҳанда ба нафақаи солонаи наздики 53 ҳазор нафар нафақахӯрон баробар мешавад.

Нишондиҳандаҳои иҷрои нақша дар ин самт дар шаҳри Душанбе 87,6%, вилояти Суғд – 87,9%, Хатлон – 84,6%, ВМКБ – 96,2% ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 83,9%-ро ташкил додаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, ба ҳолати 1 июни соли 2020 аз рӯйи пардохти нафақаи иҷтимоӣ 212,3 млн сомонӣ қарз вуҷуд дорад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи аввали сол 50,6 млн сомонӣ ё худ 32,6% зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти пешакии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар 6 моҳи соли равон шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон 22 ҳазор нафар афзуда, ба 722,7 ҳазор нафар расидааст.

Талаботи умумӣ ба пардохти нафақа давоми 6 моҳи соли равон 1 млрд 415,7 млн сомониро ташкил дода, то 9 июл 1 млрд 259 млн сомонӣ нафақа пардохт шудааст.

Дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, аз маблағҳои мутамарказ ба минтақаҳо дар ҳаҷми зиёда аз 323 млн сомонӣ кумак расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...