Таъсиси портали нави варзишӣ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон портали нави варзишии Sports.tj ба кор даромад, ки дар он доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷикистонӣ маълумот гирдоварӣ шуда, инчунин ҳамарӯза дар бораи рӯйдодҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълумот пешниҳод мегардад.

“Ин лоиҳаи навест, ки дар он шавқу завқи аксарияти дӯстдорони варзиш, мухлисон, ҳаводорони тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст. Ғайр аз ин, шахсоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба сар мебаранду ба варзиш дар Тоҷикистон, дастовардҳои варзишгарони мо, рӯйдодҳои варзишӣ дар кишвар таваҷҷуҳ доранд, аз ин сомона маълумоти барояшон заруриро дарёфт карда метавонанд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муҳаррири Sports.tj Нигина Бадалова.

Ба гуфтаи ӯ, муассисон ва журналистони торнамо зимни фаъолият дар нашрияи варзишии “Варзиш-Спорт” таҷриба кофӣ андӯхтаанд.

“Мо аз соли 2001 бо хабарҳои варзишӣ машғулем. Имрӯз дар сомонаи мо дар бораи ҳамватанонамон, ки фаъолияти худро дар хориҷи кишвар идома медиҳанд, маводи шавқовар ҷойгир карда шудааст. Зимни шиносоӣ бо маводи сомона дар бораи варзишгарони маъруфи Тоҷикистон дӯстдорони варзиш бисёр маълумоти ҷолибу муфидро барои худ пайдо карда метавонанд”, – гуфт муҳаррири портал.

Зимнан зикр шуд, ки дар бораи навъҳои варзиши писандида, аз қабили футболу размороии тан ба тан ва ғайра дар сомона ҳамарӯза ва сариввақт маълумот нашр хоҳад шуд.

“Умедворем, ки портали нави мо ба дӯстдорони варзиш маъқул шуда, яке аз писандида ва пурхонандатаринҳо мешавад”, – илова кард Нигина Бадалова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...