Таъсиси портали нави варзишӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон портали нави варзишии Sports.tj ба кор даромад, ки дар он доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷикистонӣ маълумот гирдоварӣ шуда, инчунин ҳамарӯза дар бораи рӯйдодҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълумот пешниҳод мегардад. “Ин лоиҳаи навест, ки дар он шавқу завқи аксарияти дӯстдорони варзиш, мухлисон, ҳаводорони тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон ба инобат гирифта […]

Дар Тоҷикистон портали нави варзишии Sports.tj ба кор даромад, ки дар он доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷикистонӣ маълумот гирдоварӣ шуда, инчунин ҳамарӯза дар бораи рӯйдодҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълумот пешниҳод мегардад.

“Ин лоиҳаи навест, ки дар он шавқу завқи аксарияти дӯстдорони варзиш, мухлисон, ҳаводорони тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст. Ғайр аз ин, шахсоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба сар мебаранду ба варзиш дар Тоҷикистон, дастовардҳои варзишгарони мо, рӯйдодҳои варзишӣ дар кишвар таваҷҷуҳ доранд, аз ин сомона маълумоти барояшон заруриро дарёфт карда метавонанд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муҳаррири Sports.tj Нигина Бадалова.

Ба гуфтаи ӯ, муассисон ва журналистони торнамо зимни фаъолият дар нашрияи варзишии “Варзиш-Спорт” таҷриба кофӣ андӯхтаанд.

“Мо аз соли 2001 бо хабарҳои варзишӣ машғулем. Имрӯз дар сомонаи мо дар бораи ҳамватанонамон, ки фаъолияти худро дар хориҷи кишвар идома медиҳанд, маводи шавқовар ҷойгир карда шудааст. Зимни шиносоӣ бо маводи сомона дар бораи варзишгарони маъруфи Тоҷикистон дӯстдорони варзиш бисёр маълумоти ҷолибу муфидро барои худ пайдо карда метавонанд”, – гуфт муҳаррири портал.

Зимнан зикр шуд, ки дар бораи навъҳои варзиши писандида, аз қабили футболу размороии тан ба тан ва ғайра дар сомона ҳамарӯза ва сариввақт маълумот нашр хоҳад шуд.

“Умедворем, ки портали нави мо ба дӯстдорони варзиш маъқул шуда, яке аз писандида ва пурхонандатаринҳо мешавад”, – илова кард Нигина Бадалова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.