Сироятёбии 7 нафар наҷотбахшони тоҷик аз коронавирус

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Ҳарчанд наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон замони паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақаи хавфи баланд қарор гирифта буданд, метавон гуфт, ки аз пандемия эмин монданд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мазкур Рустам Назарзода.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Кумита зиёда аз 4 ҳазор нафар тоҷикистониёнро, ки аз хориҷа ба ватан баргаштаву ба карантин гирифта шуда буданд, ҳамроҳӣ намуда, дар маросими гӯронидани шаҳрвандони аз вирус сироятёфта иштирок карданд.

“Хушбахтона, миёни наҷотбахшони тоҷик касе аз сирояти COVID-19 нафавтидааст. Ҳафт нафар кормандонамон, ки дар рухсатӣ аз сирояти коронавирус бемор шуданд, то имрӯз комилан шифо ёфтанд”, – гуфт Назарзода.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи сарбозону афсарони нерӯҳои Кумита аз коронавирус ташхис супорида, ҳамаи тестҳо натиҷаи манфӣ доданд.

“Бо итминон гуфта метавонам, ки  имрӯз Кумита ба таври кофӣ имкону воситаҳо дорад, то ки кормандони худро аз сирояти коронавирус ҳимоя кунад”, – илова кард ӯ.

Гузориши видеоии муфассал аз ҷараёни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...