Боздошти “мақомдор”-и қалбакии шаҳрдорӣ дар Душанбе

Дар Душанбе як ҷавони 25-сола боздошт шуд, ки тариқи телефон ба қаллобӣ машғул буда, худро раис ё ҷияни шаҳрдори Душанбе муаррифӣ мекард. Дар ин бора дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон хабар дода мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки агар аз амалҳои ин қаллоб зарар дида бошанд, ба Вазорат муроҷиат кунанд. https://www.youtube.com/watch?v=EMp26K7H9Yg […]

Дар Душанбе як ҷавони 25-сола боздошт шуд, ки тариқи телефон ба қаллобӣ машғул буда, худро раис ё ҷияни шаҳрдори Душанбе муаррифӣ мекард. Дар ин бора дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки агар аз амалҳои ин қаллоб зарар дида бошанд, ба Вазорат муроҷиат кунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=EMp26K7H9Yg

Қобили зикр аст, ки пештар низ қаллобон аз номи президент ва аъзои оилаи ӯ барои амалишавии мақсадҳои худ истифода кардаанд.

Аввали моҳи июн суди ноҳияи Фирдавсӣ актёри ҷавон Беҳрӯз Саидро барои тамаъкорӣ бо мақсади азхудкунии амвол дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Беҳрӯз Саид худро ёвари Рустами Эмомалӣ муаррифӣ намуда, аз ду соҳибкор талаб мекунад, ки ба кадом як дӯсташ таъҷилан қарзро ба маблағи 100 ҳазор доллар баргардонанд.

Соли 2015 хонандаи синфи 10-и Мактаби байнулмилалии Душанбе боздошт шуда буд, ки худро писари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, маблағи калони пулӣ гирифта буд.

Хушдил Қурбонов худро Сомони Эмомалӣ номида, аз одамон пули зиёд мегирифт ва ба мансабдорон супоришҳои ғайриқонунӣ медод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.