Рустам Назарзода: Аз офатҳои табиӣ 7 кас фавтида, 51 млн сомонӣ зарар расидааст

Тӯли шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 178 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух дода, ба аҳолию иқтисоди кишвар ба маблағи 51 млн сомонӣ зарар расидааст. Дар ин бора генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ имрӯз, 23-юми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 7 […]

Тӯли шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 178 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух дода, ба аҳолию иқтисоди кишвар ба маблағи 51 млн сомонӣ зарар расидааст. Дар ин бора генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ имрӯз, 23-юми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, бар асари тарма – 2 нафар дар ноҳияи Рашт, аз омадани сел – 4 нафар (2 кас дар ноҳияи Хуросон ва 1-нафарӣ дар навоҳии Мастчоҳ ва Деваштич), аз раъду барқ – 1 кас дар ноҳияи Кӯшониён фавтиданд.

“Бар асари офатҳои табиӣ – боришоти барфи зиёд, фаромадани тарма ва ярч, боронгарӣ ва омадани сел, вазидани шамоли сахт ва баладшавии сатҳи оби дарёҳо дар нимсолаи аввал ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ расонида шуд. Дар натиҷа 102 манзили истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, қариб 25 км роҳи мошингард, 6 кӯпрук, 15 ҳазору 634 км хатҳои интиқоли барқ ва беш аз 18,5  гектар заминҳои кишт зарар диданд”, – изҳор дошт Рустам Назарзода.

Вай афзуд, ки ба аҳолии зарардида кумаки яквақтаинаи моддӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор аз ҷониби Кумита, мақомотҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин ташкилотҳои байнулмилалӣ ҷудо гардида, тавассути техникаи боркашонӣ ба ноҳияҳои осебдида расонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.