Ифтитоҳи боз ду шабакаи нави телевизион дар Тоҷикистон

 “Айни замон танҳо 65%-и аҳолии Тоҷикистон ба телевизиони рақамӣ дастрасӣ дошта, боқимонда 35% алҳол чунин имкон надоранд”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 22 июл раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуриддин Саид. Ба гуфтаи раиси Кумита, имсол дар Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизион – яке дар бораи илму табиат ва […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

 “Айни замон танҳо 65%-и аҳолии Тоҷикистон ба телевизиони рақамӣ дастрасӣ дошта, боқимонда 35% алҳол чунин имкон надоранд”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 22 июл раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи раиси Кумита, имсол дар Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизион – яке дар бораи илму табиат ва дигарӣ доир ба ҳунарҳои мардумӣ боз мешавад, ки аввалаш моҳҳои наздик ва дуюмаш охири сол ба фаъолият оғоз мекунад.

“Айни замон дар Тоҷикистон 13 шабакаи телевизиони давлатӣ, 35 шабакаи телевизиони хусусӣ (12 ноқилӣ (кабелӣ) ва 2 ТВ IP), 10 шабакаи радиои давлатӣ, 23 радиои хусусӣ ва 14 студияи таҳияи маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд”, – гуфт ӯ.

Нуриддин Саид инчунин хабар дод, ки пандемияи коронавирус ба кори шабакаҳои телевизион ва радио тағйирот ворид кард.

“Пандемия ба ҳаёт ва фаъолияти бисёре аз кормандони мо душвориҳо пеш овард. Мутассифона, як ҳамкорамонро аз даст дода, чандеи дигар сироят ёфтанд. Кумита ба онҳо маводи доруворӣ ва кумакпулӣ дод”, – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки “барои таҳияи барномаҳои хубу дилписанд дар шабакаҳои телевизиону радиои ҷумҳурӣ ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.