Тоҷикистон аз Маскав дар як ҳафта 10 парвози чартерӣ анҷом медиҳад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон шумораи парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои гуногуни Русияро зиёд кард. Дар як ҳафта аз шаҳри Маскав ба самти Душанбе 10 парвоз анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

“Ҳамарӯза ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як рӯз пас тайёраи ширкати “Тоҷик Эйр” аз шаҳри Маскав парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд. Бо ҳар парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” 184 мусофир ва “Тоҷик Эйр” 216 мусофир ба ватан бармегарданд”, – гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, то имрӯз бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ватан баргардонида шуданд.

Аз 25-уми июн то имрӯз аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия беш аз 30 парвози чартерӣ анҷом дода шудааст.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки қисми зиёди шаҳрвандон аз гурӯҳҳои афзалиятнок – беморон, занони кӯдакдор ва ҳомила, пиронсолон ва дигарон ба ватан бозоварда шуданд. Акнун шаҳрвандони одӣ низ метавонанд бо истифода аз парвозҳои чартерӣ ба ватан баргарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...