Тоҷикистон аз Маскав дар як ҳафта 10 парвози чартерӣ анҷом медиҳад

Тоҷикистон шумораи парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои гуногуни Русияро зиёд кард. Дар як ҳафта аз шаҳри Маскав ба самти Душанбе 10 парвоз анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав. “Ҳамарӯза ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як рӯз пас тайёраи ширкати “Тоҷик Эйр” аз шаҳри Маскав парвозҳои […]

Тоҷикистон шумораи парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои гуногуни Русияро зиёд кард. Дар як ҳафта аз шаҳри Маскав ба самти Душанбе 10 парвоз анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

“Ҳамарӯза ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ва як рӯз пас тайёраи ширкати “Тоҷик Эйр” аз шаҳри Маскав парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд. Бо ҳар парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” 184 мусофир ва “Тоҷик Эйр” 216 мусофир ба ватан бармегарданд”, – гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, то имрӯз бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ватан баргардонида шуданд.

Аз 25-уми июн то имрӯз аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия беш аз 30 парвози чартерӣ анҷом дода шудааст.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки қисми зиёди шаҳрвандон аз гурӯҳҳои афзалиятнок – беморон, занони кӯдакдор ва ҳомила, пиронсолон ва дигарон ба ватан бозоварда шуданд. Акнун шаҳрвандони одӣ низ метавонанд бо истифода аз парвозҳои чартерӣ ба ватан баргарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.