Осеби 10 кас аз таркиш дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд

Date:

Нимаи рӯзи 23 июл дар қаламрави бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд таркиш ба амал омад.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ки ба соҳибкори маҳаллӣ Фирӯз Мирзоев тааллуқ дошт, рух дод.

Гуфта мешавад, бинобар гармии ҳаво як адад зарфи кислород таркида, ба сар задани сӯхтор боис гардидааст.

“Дар натиҷаи он 2 нафар ба беморхона дастрас гардида, 8 нафари дигар баъди муоинаи тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Якумаш дар нуктаи фуруши нушокй на балони кислород, балки балони гази карбонат (углекислый газ) истифода мебаранд. Дуюмаш ягон намуди балон аз хавои гарм наметаркад, он аз сахт вайрон кардани коидахои истифодабарй е ки даривакташ нагузаштани санчиши техникй метаркад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...