Даъват аз Пекин ҷиҳати роҳ надодан ба интишори матолиби ғаразнок доир ба марзи давлатӣ

Рӯзи 22 июл дидори маҷозии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон меҳвари мулоқоти мазкурро ташкил доданд. Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро […]

Рӯзи 22 июл дидори маҷозии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон меҳвари мулоқоти мазкурро ташкил доданд.

Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд.

“Дар ин замина ва бо назардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд”, – таъкид мешавад дар хабари Вазорат.

Қобили зикр аст, ки ахиран ВАО-и Чин маводеро зери унвони “Таджикистан инициировал передачу Китаю его земель и потерянные горы Памира были возвращены истинному хозяину” (Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли заминҳо ба Чин ташаббус нишон дода, кӯҳҳои аздастрафтаи Помир ба соҳиби аслиаш баргардонида шуданд) чандин маротиба нашр карданд.

Дар ин мақола танҳо аз сарчашмаҳои чинӣ истифода шуда, дар он ақидаи таърихшиносони тоҷик ва истинод ба дигар ҳуҷҷатҳои таърихӣ оварда нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.