Вазири тандурустӣ: “Дар Тоҷикистон захираи доруворӣ ҳаст”

Date:

“Эҳтимоли мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале инро пешгӯӣ карда наметавонем”, – изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ имрӯз, 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Аммо оид ба миқдори муайян ва кадом маводро дар назар доштан чизе гуфта нашуд.

“Айни замон дар кишвар ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад, – иброз дошт ӯ. – Дар саросари дунё барои пешгӯии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус меъёрҳои муайян нестанд. Бо хулоса аз вазъи паҳншавӣ дар кишварҳои ҳамсоя, эҳтимоли мавҷи дуюм дар мо ҳам интизор меравад, лекин замони онро алҳол дақиқ гуфта наметавонем”.

Вазир афзуд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба ҷамъоварии маълумоти эпидемиологӣ оғоз карда, ин масъаларо омӯхта истодаанд.

“Дар робита гуфта метавонам, ки мо хуб омодаем. Айни ҳол миқдори зарурии доруворӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ захира шудааст”, – итминон дод ӯ.

Ба гуфтаи Абдуллозода, тӯли ним сол ба Тоҷикистон доруворию маводи тиббӣ ва кумакҳои башардӯстона ба маблағи зерин ворид карда шудааст:

– доруворӣ ва маводи тиббӣ ба маблағи умумии 32,7 млн доллар;

– кумаки башардӯстона ба маблағи 8,3 млн доллар (ҳудуди 85 млн сомонӣ);

– маводи тиббӣ барои фурӯш ба маблағи 23,3 млн доллар (ҳудуди 250 млн сомонӣ);

– маводи тиббӣ барои муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 1,05 млн доллар (ҳудуди 11 млн сомонӣ).

Давоми ним сол аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 2,9 млн сомонӣ доруворӣ содирот шудааст.

Ёдрас мекунем, ки замони оғози паҳншавии бемории COVID-19 баъзе аз доруҳои зиддивирусӣ дар дорухонаҳои кишвар камёфт шуда, нархи маводи фурӯшӣ чанд баробар боло рафт.

Абдуллозода инчунин гуфт, ки барои мактабҳо ва дигар макони ҷамъшавии издиҳоми мардум дастурамал бо тавсияҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус таҳия шудааст.

МЕДИА (IFRAME)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...