Вазорати фарҳанг: Алҳол дигар маршировка намешавад!

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бар асари сирояти коронавирус тасмим гирифта шудааст, ки дар Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну хонандагони мактабҳо маршировка (намоиши дастаҷамъонаи ҷашнӣ) гузаронида намешавад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ба иштирок дар намоишҳои театришуда ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ ҷалб нашудаанд.

“Алҳол тасмим гирифта шудааст, ки маршировка гузаронида нашавад. Дар сурати тағйири вазъ, шумори маҳдуди иштирокчиён бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷалб мешаванд. Ҳамааш аз вазъи марбут бо коронавирус вобаста аст. Таҷлили оммавии ҷашни Рӯзи Истиқлолият ё 5500-солагии Саразм дар моҳи сентябр низ ҳоло маълум нест, зеро олимони аксари кишварҳо имрӯз мавҷи дуюми сирояти коронавирусро пешгӯйӣ мекунанд”, – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи Давлатзода, паҳншавии сирояти коронавирус ба намояндагони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ низ таъсири манфӣ расонид.

“Тоҷикистон 5 собиқадори соҳаи фарҳангро талаф дод, ки ифтихори ҷумҳурии мо буданд. Инчунин дар ин давра 18 нафар кормндони Вазорат аз коронавирус сироят ёфтанд”, – қайд кард Давлатзода.

Зимнан зикр шуд, ки дар робита ба паҳншавии коронавирус Вазорати фарҳанг ва воҳидҳои зертобеъи он ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бо COVID-19 наздики 70 ҳазор сомонӣ маблағ гузарониданд.

“Ғайр аз ин, намояндагони соҳа ба кормандони тиббӣ ва аҳолии пойтахт, инчунин як қатор навоҳӣ бо доруворӣ, ниқобу дастпӯшак ва маҳсулоти ғизоӣ кумак карданд”, – илова кард вазири фарҳанг.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...