Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 4,3%-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра маҳсулоти ғизоӣ ба андозаи 7,5%, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасониҳои пулакӣ – 0,6% гаронтар шудаанд.
Аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4%), маснуоти макаронӣ (22,7%), орди гандумӣ (17,7%), маҳсулоти нонӣ (13,5%) гази моеъ (13,8%), билетҳои ҳавопаймоӣ (30%) боло рафтааст.
Моҳи июни соли равон дефлятсия (поинравии сатҳи нархи маҳсулоту хизматрасонӣ) дар сатҳи 1,1% ба қайд гирифта шуд.
Поинравии сатҳи нарху хизматрасониҳо дар бозори истеъмолии кишвар ба камшавии арзиши маҳсулоти хӯроквори ба андозаи 2,7% нисбат дода мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин давра нархи себу пиёз, шакар, карам, равғани пахта, гӯшти гӯсфанд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ба таври назаррас поин рафтааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод.
Бонки миллии Тоҷикистон дар нақша дорад, ки сатҳи таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


