Арзоншавии ғизо моҳи июн ба поинравии сатҳи нархҳо боис гардид

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 4,3%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра маҳсулоти ғизоӣ ба андозаи 7,5%, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасониҳои пулакӣ – 0,6% гаронтар шудаанд. Аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4%), маснуоти макаронӣ (22,7%), орди гандумӣ (17,7%), маҳсулоти нонӣ (13,5%) гази […]

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 4,3%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра маҳсулоти ғизоӣ ба андозаи 7,5%, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасониҳои пулакӣ – 0,6% гаронтар шудаанд.

Аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4%), маснуоти макаронӣ (22,7%), орди гандумӣ (17,7%), маҳсулоти нонӣ (13,5%) гази моеъ (13,8%), билетҳои ҳавопаймоӣ (30%) боло рафтааст.

Моҳи июни соли равон дефлятсия (поинравии сатҳи нархи маҳсулоту хизматрасонӣ) дар сатҳи 1,1% ба қайд гирифта шуд.

Поинравии сатҳи нарху хизматрасониҳо дар бозори истеъмолии кишвар ба камшавии арзиши маҳсулоти хӯроквори ба андозаи 2,7% нисбат дода мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин давра нархи себу пиёз, шакар, карам, равғани пахта, гӯшти гӯсфанд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ба таври назаррас поин рафтааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод.

Бонки миллии Тоҷикистон дар нақша дорад, ки сатҳи таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.