Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи $40 млн нерӯи барқ фурӯхт

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба миқдори 324,9 млн кВт/соат кам шуд.

Раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки сабаби камшавии ҳаҷми содироти барқ камшавии маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи Норак мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли шаш моҳ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 546,6 млн ва ба Ӯзбекистон – 358,3 млн кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

“Агар ба Афғонистон ҳамарӯза 320 МВт неруи барқ содирот мешуд, пас имрӯз ин нишондиҳанда то 40 Мвт коҳиш ёфт. Содироти барқ ба Ӯзбекистон ҳам кам шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 324,9 млн кВт/соат коҳиш ёфт, ки ба камшавии маҷрои оби дарёи Вахш ва бозтақсими шабакаҳо дар Афғонистон вобаста аст”, – хабар дод Мирзо Исмоилзода.

Тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, маблағи умумии аз содироти барқ бадастомада дар давраи ҳисоботӣ 40 млн долларро ташкил додааст.

Ба Афғонистон ба маблағи беш аз 23 млн доллар ва ба Ӯзбекистон – зиёда аз 7,2 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст.

“Маҷрои оби дарёи Вахш тайи се моҳи ахир қариб 30% кам шуда, ба коҳиши воридоти об ба обанбори неругоҳи Норак боис гардид. Ду рӯзи охир сатҳи об дар дарёи Вахш баланд шуда, ба афзоиши ҳаҷми содироти барқ мусоидат менамояд. Умедворем, ки то тирамоҳ сатҳи об дар обанбори Норак ба нишондиҳандаи ниҳоии 910 метр расида, нақшаҳои пешбинишударо иҷро мекунем”, – итминон доданд дар ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...