Ҳақиқат | «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон

27-уми июли соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook акси «Ҳайкали Озодӣ» дар яке аз минтақаҳои кӯҳии аҳолинишини Тоҷикистон пайдо шуд. Дар шарҳи акси мазкур гуфта мешуд, гӯиё ин муҷассама дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қомат афрохтааст. Рӯзноманигор Одили Нозир дар саҳифаи фейсбукаш бо гузоштани акси «Ҳайкали Озодӣ» суол кардааст (бойгонӣ), ки «Ҳайкали Озодӣ дар Дарвоз. Оё ин хабар […]

factcheck.tj

27-уми июли соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook акси «Ҳайкали Озодӣ» дар яке аз минтақаҳои кӯҳии аҳолинишини Тоҷикистон пайдо шуд. Дар шарҳи акси мазкур гуфта мешуд, гӯиё ин муҷассама дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қомат афрохтааст. Рӯзноманигор Одили Нозир дар саҳифаи фейсбукаш бо гузоштани акси «Ҳайкали Озодӣ» суол кардааст (бойгонӣ), ки «Ҳайкали Озодӣ дар Дарвоз. Оё ин хабар рост аст? Ё ин фейк?».

Ин хабар дар фурсати кӯтоҳ сару садоҳои гуногунро дар пай дошт. Аксарият баҳсу суолҳоеро ба миён гузоштанд, ки яке фейк мегуфт, дигаре тугмаи хандаву ҳайратро пахш  мекард. Factcheck.tj акси мазкурро мавриди санҷиш қарор дод ва дақиқ кард, ки то куҷо он дуруст аст.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Дар раванди санҷиши мо чанд манобеи маҳаллӣ бо ирсоли аксу наворҳо хабари қомат афрохтани «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвозро тасдиқ карданд. Аз ин лиҳоз, хабари мазкур дуруст аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Рамзия Мирзобекова, яке аз корбарони Facebook баъд пайдоиши сару садоҳо дар мавриди ҳақиқат ё фейк будани хабари қомат афрохтани «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвоз, чанд аксеро аз паҳлӯҳои гуногун дар саҳифаи худ ҷой додааст (бойгонӣ), ки воқеъияти ин хабарро тасдиқ мекунад. Номбурда инчунин илова кардааст, ки боғи фароғатии бачагона дар Дарвоз бо сармояи хусусӣ бунёд мешавад ва қарор аст, 10-уми августи соли равон ифтитоҳ ёбад: «Манораҳои Эйфел, Пизан, Биг-Бен аллакай насб шудаанд ва рӯзи дигар дар он ҷо Ибодатгоҳи Василий Блажений, Девори бузурги Чин ва Регистон (Самарқанд) дар марҳилаи анҷомёбист».

Хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ дар саҳифаи расмии «Facebook»-аш навори кӯтоҳеро ҷой додааст (бойгонӣ). Тавре дар навор дида мешавад, ҳоло корҳои меъморӣ идома дошта, дар он воқеан ҳам «Ҳайкали Озодӣ» қомат афрохтааст.

Хулоса

Хабари қомат афрохтани «Ҳайкали Озодӣ» дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон воқеан ҳам асос дорад. Бинобар ин, мо ба хулосае расидем, ки ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook  ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.