ВАО: Аз террористи дар Химки кушташуда ҳуҷҷатҳо ба номи шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шуданд

Asia-Plus

Дар ҷараёни амалиёти махсуси Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия дар шаҳри Химкии вилояти Маскав як нафар кушта шуда, зимни кофтуков аз ӯ ҳуҷҷатҳо ба номи зодаи 19-солаи Тоҷикистон Одил Қаюмов дарёфт шуданд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба манбаи огаҳи худ хабар медиҳад.

Бародари гумоштаи террористони байнулмилалӣ хабар додааст, ки ӯ ду ҳафта пеш бедарак шуда, дар ин бора дарҳол ба ВКД хабар дода шудааст.

Навори видео бо гуфтаҳои мардро рӯзи душанбе Маркази робитаҳои ҷамъиятии Хадамоти федералии амният (ХФА) нашр кард.

“Ман мушоҳида кардам, ки ӯ бо террористон аз Сурия робита мекунад. Ду ҳафта пеш ӯ бедарак шуда, ман дарҳол ВКД Русияро аз ин ҳодиса огоҳ кардам”, – гуфтааст бародари кушташуда.

Ғайр аз ин, дар навори видео нишон дода мешавад, ки чӣ гуна кормандони хадамоти махсус ҷасади кушташударо аз назар мегузаронанд.

Рӯзи душанбе Маркази робитаҳои ҷамъиятии ХФА хабар дод, ки дар назди таваққуфгоҳҳои мошин (гаражҳо) дар Химки гумоштаи созмони байнулмилалии террористӣ нобуд карда шуд.

Шаҳрванди кадом давлат будани кушташуда зикр нагардида, танҳо қайд шуда буд, ки ӯ зодаи Осиёи Марказӣ аст”.

“Муайян карда шуд, ки ҷинояткори кушташуда шаҳрванди яке аз давлатҳои Осиёи Марказӣ буда, дар хонаи иҷора дар пойтахти Русия зиндагӣ мекард, – изҳор доштаанд дар ХФА. – Ҳангоми кӯшиши боздошт ӯ аз силоҳи оташфишон сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тирпарронӣ карда, дар натиҷаи посухи ҷавобӣ кушта шуд”.

Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса автомати АК-74, се норинҷак ва захирагоҳи тир дарёфт шудааст.

Ғайр аз ин, илова кардаанд дар ХФА, зимни кофтукови хонаи иҷораи ҷинояткор далелҳои шайъие дарёфт шудаанд, ки ба робитаӣ ӯ бо гумоштагони террористони байнулмилалӣ аз Сурия ва омодагирӣ ба оммавӣ парронидани шаҳрвандон ишора мекунанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти федералии амният, зодаи Осиёи Марказӣ ният доштааст, ки дар Маскав амали террористӣ содир намуда, сипас ба Сурия раҳсипор шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...