Идораи САҲШ: Ивази ному насаб на 1 ҳазору 740 сомонӣ, балки ҳамагӣ 200 сомонӣ нарх дорад

Asia-Plus

Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон дар посух ба носаҳеҳии маълумот дар маводи “Азия-Плюс” – “Ивази ному насаб дар Тоҷикистон чанд пул меистад?”, доир ба арзиши хизматгузорӣ оид ба ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ изҳор кард, ки дар ин мавод арзиши хизматгузорӣ нодуруст ҳисоб шудааст.

Ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ на дар ҳаҷми 30% аз нишондиҳандаи ҳисоб, балки ҳамагӣ 30% аз 1 нишондиҳанда маблағ пардохт кардан зарур аст.

Мутаносибан барои он на 1 ҳазору 740 сомонӣ, балки барои ҳамаи хизматгузориҳо дар ин маврид наздики 200 сомонӣ пардохтан лозим меояд.

Мувофиқи моддаи 67 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ дорад ном, номи падар, насаби худро иваз намояд. Ин ҳуқуқи ӯст, на уҳдадорӣ.

Тибқи моддаи 68-и ҳамин қонун, ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомат дар шакли хаттӣ дода мешавад.

 Дар чунин ариза бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:

– насаб, ном, номи падар,  сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, ҷойи истиқомат, вазъи оилавии (дар ақди никоҳ қарор дорад ё не, бевазан ё занмурда, ҷудошуда) аризадиҳанда;

 – насаб, ном, номи падар, ҷойи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони аризадиҳанда, ки ба балоғат нарасидаанд;

– маълумоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки пештар нисбати аризадиҳанда ва нисбати ҳар яке аз кӯдакони ӯ, ки ба балоғат нарасидаанд, тартиб дода шудааст;

 – насаб, ном ё номи падар, ки аз тарафи шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, интихоб карда шудааст;

 – сабабҳои иваз намудани насаб, ном ё номи падар.

Шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ё номи падарро дорад, дар ариза оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳад.

Дар як вақт бо додани чунин ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

 – шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад;

 – шаҳодатномаи ақди никоҳ, агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ қарор дошта бошад;

 – шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, агар аризадиҳанда бо сабаби бекор шудани ақди никоҳ гирифтани насаби пешазникоҳиашро талаб намояд;

 – шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони ноболиғи аризадиҳанда;

 – шаҳодатнома дар бораи фарзандхондӣ, ё шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, дар сурате ки агар аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ гузаронида шуда бошад.

Муаллифи мавод ва идораи хабаргузорӣ барои роҳ додан ба чунин иштибоҳ аз хонандагон маъзарат мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...