Қатъи муваққатии барқ дар маҳаллаҳои Душанбе идома меёбад

Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе итминон медиҳад, ки қатъи муваққатии интиқоли барқ ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ вобаста буда, дар Душанбе реҷаи истифодаи маҳдуд (лимит)-и барқ ҷорӣ нашудааст. Бино ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, имрӯз аз соати 9:00 то 16:00 интиқоли барқ ба кӯчаҳои Р.Набиев Севастополская ва маҳаллаҳои Бунёдкорон, Калин ва Зафар қатъ мегардад. […]

Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе итминон медиҳад, ки қатъи муваққатии интиқоли барқ ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ вобаста буда, дар Душанбе реҷаи истифодаи маҳдуд (лимит)-и барқ ҷорӣ нашудааст.

Бино ба иттилои ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, имрӯз аз соати 9:00 то 16:00 интиқоли барқ ба кӯчаҳои Р.Набиев Севастополская ва маҳаллаҳои Бунёдкорон, Калин ва Зафар қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда, яъне пештар аз 16:00 барқарор карда шавад.

Таҷрибаи қатъи интиқоли барқ баҳри баргузории корҳои таъмир аввали моҳи ноябри соли гузашта хотима ёфта, бо танаффус дар рӯзҳои истироҳати ҷашни Наврӯз моҳи март дубора оғоз гардид. Аз охири моҳи апрел қатъи муваққатии интиқоли барқ бонавбат дар бархе аз кӯчаву маҳаллаҳо ба анҷом расид.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ширкати “Барқи тоҷик рӯзи 27 июл аз ҷониби роҳбарони ширкат дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ чизе гуфта нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.