Кумаки USAID ба беҳбуди солимии модарону кӯдакон дар ғарби Хатлон

Иттилоияи расмӣ

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба анҷом расидани лоиҳаи саломатӣ ва ғизо, ки дар доираи барномаи Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар муддати панҷ соли охир вазъи саломатӣ, ғизои занону кӯдаконро дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон беҳтар гардонид, қайд намуд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, USAID, шарикони байналмилалӣ, кормандони тиб ва ризокорон дар ҳамоиши онлайнӣ, ки ба анҷомрасии лоиҳаи мазкур бахшида шуд, ширкат варзиданд.

Сафир Поммершайм дар суханронии худ, қайд намуд: «Бо шарофати саъю кӯшиши ин лоиҳа, 2500 ризокор дар дарёфт ва ба табобат равона намудани беш аз 4600 кӯдакони бо аломатҳои камғизоӣ, ба кормандони тиб кумак расониданд ва тақрибан 66 000 баҳрагирандагон ба хизматрасониҳои асосии беҳдоштӣ дастрасии беҳтаркардашударо гирифтанд. Модарони бештар бо афзалиятҳои синамаконии холис шинос шуда, аз руи он амал карданро оғоз намуданд ва кӯдакони то синни дусолаи худро бо ғизои солим таъмин намуданд».

Cолҳои 2015 то 2020 дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин лоиҳа бо арзиши 13,1 миллион доллари ИМА имкон дод, ки вазъи саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон дар 12 ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Тоҷикистон беҳтар карда шавад ва он беш аз якуним миллион нафарро дар 700 деҳаҳои аҳолинишин, бо мақсади таҳким бахшидан ба бехатарии озуқаворию ғизо ва, ҳамчунин, наздики 600 000 кӯдакони то синни панҷсоларо, фаро гирифт.

Дар доираи ин фаъолият, 24 марказҳои захиравию омӯзишии ғизо таъсис дода шуд, ки дар он ҷо омӯзиши касбӣ оид ба масъалаҳои ғизо барои, тақрибан 9 900 иштирокчиён, ташкил карда шуд. Ба беш аз 105 000 занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод, хизматрасониҳои тиббии босифат пешиҳод гардиданд. Дар натиҷа, шумораи таваллудҳои хонагӣ аз 2 163 ҳолат дар соли 2016 то 894 ҳолат дар соли 2019 коҳиш ёфт, ки он дар навбати худ ба коҳишёбии фавти модарон оварда расонид.

Қариб 90 фоизи кормандони тиббии шӯъбаҳои кӯдакона ва таваллудхонаҳо ва 74 фоизи кормандони тиббии муассисаҳои кумаки аввлияи тиббию санитарӣ, бо омӯзишӣ дар масъалаҳои саломатӣ ва ғизои модару кӯдак, дар мудати панҷ соли охир, фаро гирифта шуданд. Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар коҳишёбии сатҳи кӯдакони камвазни синни то панҷсола дар ноҳияҳои омузишӣ аз 6,2 фоизи дар соли 2017 ба 2,2 фоиз дар соли 2020, мусоидат намуд.

Лоиҳа инчунин, дар таҳия ва қабул намудани стандартҳои миллӣ оид ба ғизо, нигоҳубини кӯдакон, аз ҷумла нигоҳубини кӯдакони камвазн, нигоҳубини пеш аз таваллуду баъди он, нигоҳубини навзодон, мусоидат намуд.

Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо дар Тоҷикистон дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» аз ҷониби ИнтраҲелс Интернешнал дар шарикӣ бо Абт Асошиэйтс, амалӣ карда шуд.

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...