ФАСР ба Тоҷикистон барои муқовимат бо COVID-19 $50 млн ҷудо кард

Маблағ барои амалисозии Барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба таъсири паҳншавии COVID-19 ба бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора дар сомонаи Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) хабар дода мешавад. Шартҳои додани қарз чунин аст: муҳлати қарз – то 20 сол, муҳлати имтиёзнок – то 10 […]

Маблағ барои амалисозии Барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба таъсири паҳншавии COVID-19 ба бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора дар сомонаи Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) хабар дода мешавад.

Шартҳои додани қарз чунин аст: муҳлати қарз – то 20 сол, муҳлати имтиёзнок – то 10 сол, меъёр – 1% солона.

Грант ба кишварҳои иштирокчии Фонд бо сатҳи маҷмӯи даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ пасттар аз 4300 доллари ИМА (тибқи маълумоти соли 2018) пешниҳод мегардад.

Мувофиқи ин нишондиҳанда Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон грант дастрас карда метавонанд.

Гуфта мешавад, бо назардошти ба вуҷуд омадани мушкилиҳо дар иҷрои буҷет ва тавозунҳои пардохти кишварҳо, маблағгузорӣ аз ҷониби ФАСР барои дастгирии нигаҳдории суботи молиявӣ ва имконоти ин давлатҳо дар иҷрои уҳдадориҳои муҳим нақши назаррас хоҳад дошт.

Қарзгирандаи асосӣ аз ФАСР Беларус мебошад, ки ба ин кишвар баҳри дастгирии буҷет ба маблағи умумии 5 млрд доллар 2 қарз ҷудо шудааст.

Ғайр аз ин, Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон низ ба сифати қарзҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ аз ин Фонд кумаки молиявӣ мегиранд.

Фонди авруосиёии субот ва рушд механизми молиявии минтақавиест, ки соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти Фонд ба бартараф кардани оқибатҳои манфии буҳрон, таъмини суботи дарозмуҳлат ва мусоидат ба ҳамгиройии иқтисодҳои кишварҳои узви Фонд нигаронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.