МОИ “Данғара” аз ҳама зиёдтар сармоягузории мустақим гирифт

Ба панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон беш аз 27 млрд сомонӣ (2,6 млн доллар) сармоягузории мустақим ҷалб шуд. “Ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ давоми 6 моҳи соли равон 27,5 млн сомониро ташкил дод, ки 17,1 млн сомонии он ба МОИ “Данғара”, 8,8 млн сомонӣ – ба МОИ “Суғд” ва 1,6 млн сомонӣ […]

Ба панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон беш аз 27 млрд сомонӣ (2,6 млн доллар) сармоягузории мустақим ҷалб шуд.

“Ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ давоми 6 моҳи соли равон 27,5 млн сомониро ташкил дод, ки 17,1 млн сомонии он ба МОИ “Данғара”, 8,8 млн сомонӣ – ба МОИ “Суғд” ва 1,6 млн сомонӣ ба МОИ “Панҷ” равона гардид”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода.

Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 66 корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба сифати субъектҳо ба қайд гирифта шудаанд: 29 корхона – дар МОИ “Суғд”, 21 – дар “Данғара”, 11 – дар “Панҷ” ва 5 – дар МОИ “Ишкошим.

Аз шумори умумии субъектҳои сабтшуда 20 корхона фаъолияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва воридотиро амалӣ намуданд. Дигар субъектҳо ба сохтмон ва воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ машғуланд.

Вазир ҳамчунин таъкид дошт, ки дар ин давра дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба маблағи 74,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудаааст. Тӯли 6 моҳ шумори кормандон дар ин минтақаҳо то ба 918 нафар расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.