Рӯйхати стипендиягирони олимпии Тоҷикистон тағйир ёфт

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати стипендиягирандагони олимпиро бозбинӣ намуда, ба он тағйирот ворид кард. Федератсияҳои миллӣ номи 27 варзишгарро пешниҳод намуда, Кумита бо назардошти натиҷаҳо ва дурнамои иштироки онҳо дар олимпиада ҳамагӣ 15 нафарро интихоб кард. Ба рӯйхати стипедиягирандагон номи 6 варзишгар илова шуд: Мирмамад Шакармамадов (дзюдо), Муҳаммад Икромов (гӯштини тарзи озод), Мубинҷон Аҳмедов (гӯштини […]

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати стипендиягирандагони олимпиро бозбинӣ намуда, ба он тағйирот ворид кард. Федератсияҳои миллӣ номи 27 варзишгарро пешниҳод намуда, Кумита бо назардошти натиҷаҳо ва дурнамои иштироки онҳо дар олимпиада ҳамагӣ 15 нафарро интихоб кард.

Ба рӯйхати стипедиягирандагон номи 6 варзишгар илова шуд: Мирмамад Шакармамадов (дзюдо), Муҳаммад Икромов (гӯштини тарзи озод), Мубинҷон Аҳмедов (гӯштини тарзи классикӣ), Мижгона Самадова (бокс), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (таэквондо ВТФ), Муниса Ойматова (таэквондо ВТФ).

Аз рӯйхат 6 нафар варзишгарони зерин, ки қаблан стипендияҳои олимпӣ мегирифтанд, хориҷ карда шуданд: Шоҳида Қаландарова (дзюдо), Нилуфар Бобоёрова (бокс), Шоира Зулкқйнарова (бокс), Суҳроб Абдулхаев  (гӯштини юнониву римӣ), Саидҷон Гулов (гӯштини тарзи озод), Манижа Мадкаримова (таэквондо).

Рӯйхати нави стипендиягирандагони олимпӣ акнун чунин аст:

Шаббос Неъматуллоев ва Баҳодур Усмонов (ҳар ду – бокс) – 600-долларӣ;

Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён (ҳама – дзюдо), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ)  – 550-долларӣ.

Темур Раҳимов (дзюдо) – 500 доллар.

Мирмамад Шакармамадов (дзюдо) – 400 доллар

Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТ) – 300-долларӣ)

Муҳаммад Икромов (гӯштини тарзи озод), Мубинҷон Аҳмедов (гӯштини тарзи классикӣ) – 250-долларӣ.

Мижгона Самадова (бокс), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Муниса Ойматова (ҳар ду- таэквондо ВТ) –200-долларӣ.

Қаблан зикр гардида буд, ки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) муҳлати расонидани кумаки молиявиро ба кумитаҳои миллии олимпӣ то 31 августи соли 2021 дароз карда, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ки ба соли оянда гузаронида шуданд, 25,3 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.