Иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн

Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн ҷараён дорад, ки то 30 август идома меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои худро аз 7 август оғоз мекунад. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмот Илҳм Юнусов хабар дод. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 163 даста ва беш аз 1500 нафар шоҳмотбозон иштирок мекунанд. Мувофиқи рейтинги Федератсияи […]

Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн ҷараён дорад, ки то 30 август идома меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои худро аз 7 август оғоз мекунад. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмот Илҳм Юнусов хабар дод.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 163 даста ва беш аз 1500 нафар шоҳмотбозон иштирок мекунанд. Мувофиқи рейтинги Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот (ФИДЕ), дастаҳо ба дивизионҳо ҷудо шуда, Тоҷикистон дар дивизиони 3-юм қарор дорад.

Мусобиқа охири моҳи июл дар дивизионҳои поин оғоз гардид. Чанде аз дастаҳо аз рӯйи натиҷаҳои рақобат дар дивизиони 4-ум ба дивизиони 3-юм роҳ ёфта, рӯзи 6 август маросими қуръакашӣ доир мегардад. Дастаҳо 10-тогӣ ба 5 зергурӯҳ тақсим шуда, аз 7 то 9 август тариқи реҷаи онлайн бо ҳам бозӣ мекунанд.

Се дастаи беҳтарин аз ҳар як зергурӯҳ ба дивизиони дуюм роҳхат мегиранд. Дастаҳо бояд аз 6 нафар – 3 марду 3 зан ва ҳатман 1 нафар наврас ва духтари синни то 20-сола иборат бошанд. Бозиҳо дар онлайн-платформаи ҷаҳонии Chess.com баргузор мешаванд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз инҳо иборат аст: Ҷамшед Исоев, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Ҳотами Мутриба, Икроми Ҷалолиддин, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Насриддинзода Марворид, Сарвиноз Каримова, Меҳриддин Шарифов ва Рухшона Саидова.

Маълумот дар бораи ҳайати дивизионҳо ва дастаҳои мунтахаб бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.