Парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Дубай барқарор шуданд

Мусо Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз моҳи августи соли ҷорӣ дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳои мунтазам барқарор мегарданд: парвози нахустин шаби имрӯз аз Дубай аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Flydubai пешбинӣ шудааст.

“Ширкат алҳол дар як ҳафта 1 парвоз анҷом медиҳад. То замони пандемия шумори парвозҳо бо ин хатсайр 5 ададро ташкил медод”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова.

Ӯ қайд кард, ки ширкати “Сомон Эйр” ҳам ба Дубай парвозҳо анҷом дода, парвози ававл бо ин хатсайр аз Душанбе рӯзи 6 август дар назар аст.

“Дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо дигар кишварҳо алҳол маълумоти саҳеҳ дар даст надорем”, – иброз дошт Ҳусейнова.

Ҳатман доштани маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус

Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар медиҳад, ки  аз моҳи августи соли ҷорӣ дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳои мунтазам барқарор гардида, парвози нахустин санаи 6-уми август иҷро хоҳад шуд. Вақти парвоз аз Душанбе – 05:00, аз Дубай – 08:45 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

“Шаҳрвандони ҶТ, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубайро доранд, бояд иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА (раводиди сайёҳӣ ва ё корӣ, суғуртаи тиббии амалкунанда, маълумотнома оид ба саломатӣ, ки қаблан  дар сомонаи https://www.gcaa.gov.ae/en/ePublication/Pages/OperationalDirectives.aspx?CertID=(DIR) пур шудааст, дар сурати доштани раводиди корӣ посухи мусбати барномаи электронии Permit ва Emirates ID корт), ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз Covid-19, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, дошта бошанд”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷӣ барои анҷоми сафар ба Дубай бояд иҷозатномаи вуруд ва ё убури қаламрави АМА, ҳамчунин суғуртаи тиббӣ ва маълумотномаи қаблан пуршудаи саломатиро пешниҳод намоянд.

Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки тавассути Дубай парвози транзитӣ анҷом медиҳанд, танҳо ба давлатҳои худ парвоз карда метавонанд ва мебояд бо худ чиптаи парвоз ба нуқтаи ниҳоӣ ва маълумотномаи гирифтор набудан бо Covid-19-ро дошта бошанд.

“Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз Covid-19 зарур мебошад”, – қайд мешавад дар маълумоти ширкати ҳавопаймоӣ.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ (ба истиснои намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии дорои мақоми махсус, меҳмонони аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва вазорату идораҳо даъватшаванда) баъди фурудоӣ дар Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, то муайяншавии натиҷаҳои озмоиш дар минтақаи карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд.

“Нафароне, ки дар онҳо сирояти Сovid-19 муайян мегардад, дар давоми 14 рӯз дар минтақаҳои карантинӣ бо ташхису табобат фаро гирифта мешаванд. Мусофироне, ки маълумотномаи гузаштани озмоишро бо натиҷаи “манфӣ” дар мӯҳлати 48 соат пеш аз вуруд доранд, бемамониат ба қаламрави кишвар роҳ дода мешаванд. Ин нафарон бояд дар мақомоти тандурустии маҳаллӣ аз қайд гузашта, давоми 14 рӯз зери назорати табибон ихтиёран гӯшанишинӣ намоянд”, – зикр мегардад дар маълумот.

Дархост мешавад, ки барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндаи “Сомон Эйр” дар Дубай ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед:

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:

+992 (901) 03 20 00,

+992 (908) 08 56 66,

+992 (98) 586 68 86,

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

[email protected]

Намояндаи “Сомон Эйр” дар АМА:

+971 (504) 66 88 33

Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (98) 807 10 00,

+992 (98) 880 87 87,

+992 (93) 501 24 24.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...