Рамазон Раҳимзода: Марги собиқ фармондеҳи ОМОН дар сатҳи овоза боқӣ мемонад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон изҳор дошт, ки то ҷасади собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД кишвар Гулмурод Ҳалимов дарёфт ва шиносоӣ нашавад, наметавон мутмаин буд, ки дар Сурия маҳз ӯ кушта шудааст. Раҳимзода қайд кард, ки ба ВКД дар бораи ҳалок шудани Гулмурод Ҳалимов ва аъзои оилаи ӯ зери […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон изҳор дошт, ки то ҷасади собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД кишвар Гулмурод Ҳалимов дарёфт ва шиносоӣ нашавад, наметавон мутмаин буд, ки дар Сурия маҳз ӯ кушта шудааст.

Раҳимзода қайд кард, ки ба ВКД дар бораи ҳалок шудани Гулмурод Ҳалимов ва аъзои оилаи ӯ зери бомбапартоӣ дар Сурия хабар расида, лекин ин маълумот дар сатҳи овоза боқӣ мемонад.

“Ҷангиёни асири Давати исломӣ чунин баёнот додаанд, лекин то ҷасадашро дидаву нашиносем, ба эътимоднкоии ин маълумот шубҳа дорем”, – илова кард Рамазон Раҳимзода.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2017 маҷаллаи бритониёии  «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ҳангоми зарбаҳои ҳавойӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Мавсили Ироқ маълумот дод.

Нашрия ӯро яке аз пешвоёни “Давлати исломӣ” номид. Дар маълумоти нашрия он замон зикр шуда буд, ки ин кӯшиши сеюми нобуд кардани Ҳалимов аст.

Аввали моҳи сентябри ҳамон сол Вазорати мудофиаи Русия аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи зарбаи ҳавоии Қувваҳои ҳарбии кайҳонии ин кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Сурия маълумот дод, лекин дигар сарчашмаҳо инро тасдиқ накарданд. Баъдан ВАО хабар доданд, ки бар асари ин зарбаҳо Гулмурод Ҳалимов ҷароҳат бардоштааст.

Моҳи августи соли 2019 Шӯрои амнияти СММ таҳримҳо нисбат ба Гулумрод Ҳалимовро тамдид карда, ба ин васила марги ӯро рад кард. Дар сомонаи Шӯрои амният ҳамчунин зикр мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Баъди чанде дар бораи дар Афғонистон ҳузур доштани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Тоҷикистон хабарҳо мунташир шуданд, аммо ин маълумотро касе расман тасдиқ накард.

Гулмурод Ҳалимов охири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуда, баъди як моҳ дар Сурия пайдо шуд. Дар навори муроҷиати видеоии худ ӯ изҳор дошт, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ҳукумат полковники фирориро дар хиёнат ба Ватан гунаҳкор донист ва тариқи Интерпол ҷустуҷӯйи ӯро эълон кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба Гулмурод Ҳалимов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

30-юми августи соли 2016 ҳукумати ИМА барои маълумот доир ба макони будубоши Ҳалимов 3 млн. доллар мукофотпулӣ эълон кард. Департаменти давлатӣ ӯро яке аз пешвоёни калидии “Давлати исломӣ” арзёбӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.