Вазорати мудофиаи Русия аз марги Гулмурод Ҳалимов маълумот дод

Бар асари зарбаи Нерӯҳои ҳарбии кайҳонии Русия ба мавқеъҳои гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар наздикии Дейр-эз-Зори Сурия, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд. Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия менависад, дар натиҷаи ин зарба дар маҷмӯъ наздики 40 ҷангиёни гурӯҳ ва якчанд нафар фармондеҳон кушта […]

Бар асари зарбаи Нерӯҳои ҳарбии кайҳонии Русия ба мавқеъҳои гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар наздикии Дейр-эз-Зори Сурия, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия менависад, дар натиҷаи ин зарба дар маҷмӯъ наздики 40 ҷангиёни гурӯҳ ва якчанд нафар фармондеҳон кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, миёни нобудшудагон “вазири ҷанг”-и Давлати исломӣ, собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур дорад, ки ҳамчун Ал-Тоҷикӣ низ маълум аст. Ғайр аз ин, “амири Дейр-уз-зор” Абӯ Муҳаммад аш-Шимолӣ низ нобуд шудааст, ки чанде аз хадамоти махсуси кишварҳои аврупоӣ ӯро созмондеҳи амалҳои террористӣ дар Париж (13 ноябри соли 2015) мешуморанд.

Гулмурод Ҳалимов моҳи сентябри соли 2016 “вазири ҷанг”-и нави гурӯҳи террористӣ шуда, дар ин вазифа Тархан Батирашвилӣ, мулаққаб ба Абӯ Умар аш-Шишониро иваз кард.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод.

Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд. Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ҳукуматдорон таъҷилан Ҳалимовро ба хиёнат ба давлат муттаҳам карда, тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон карданд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Гулмурод Ҳалимов мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Санаи 30 августи соли 2016 ҳукуматдорони ИМА барои маълумот доир ба макони будубоши Ҳалимов 3 млн. доллар мукофотпулӣ эълон карданд. Департаменти давлатӣ ӯро яке аз пешвоёни калидии “Давлати исломӣ” номид.

Бори авввал нест…

Дар бораи марги Гулмурод Ҳалимов қаблан низ хабарҳо мунташир шуда буданд. Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод, вале маълумоти тасдиқи марги ӯро ВКД Тоҷикистон то ҳол нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июни соли равон Суди шаҳри Душанбе Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари Гулмурод Ҳалимовро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 32 (тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (зархаридӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Дар суд зикр карданд, ки Беҳрӯз Ҳалимов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносҳои падараш дар тамос шуда, бо мусоидати онҳо барои пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ ба Ироқ ё Сурия рафтанӣ будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.