Чорабиниҳои асосии ҷашни Истиқлолият дар Душанбе баргузор мешаванд

Чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон, аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеа бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар шоҳроҳи истиқлолият» барномаи ҷолиби театришуда […]

Чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон, аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеа бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар шоҳроҳи истиқлолият» барномаи ҷолиби театришуда баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар барнома намоиши бозёфтҳои эҷодии гурӯҳҳои ҳунарии кишвар ва истеъдодҳои ҷавон бо истифодаи техникаи муосири саҳнавӣ дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорат, имсол, ки дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон шудааст, дар консерти идона бештар ҳунармандони ҷавон ҷалб шудаанд. Дар барнома Ҷовид Нозимов, писари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зафар Нозим, актёрони Театри опера ва балет, ансамблҳои рақсии “Чаманоро” ва “Зебо”, ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ва дигар санъаткорон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Имсол ҷашни Истиқлолият бидуни раҳпаймоӣ ва сафороии низомӣ доир мегардад. Дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, аз ҷумла, боғи «Парчами давлатӣ», боғи «Устод Рӯдакӣ», боғи «Ирам», майдони 800-солагии Москва ва боғи «Дӯстии халқҳо», инчунин дар саросари кишвар сайругашти оммавӣ ва баргузории дигар чорабиниҳои идона низ ба нақша гирифта шудааст.

Имсол тоҷикистониён дар ид се рӯз пайи ҳам истироҳат мекунанд. Рӯзи ҷашни Истиқлолият, ки истироҳат эълон шудааст, имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост омада, аз ин рӯ, барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ шанбе, якшанбе ва душанбе рӯзҳои истироҳат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.