Истеҳсоли барқ дар неругоҳи Роғун қариб 3 баробар афзуд

Истеҳсоли барқ тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар неругоҳи барқии обии Роғун нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 баробар афзуд. Тибқи маълуомти ШСХК “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар неругоҳи Роғун 595 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 385 млн кВт/соат […]

Истеҳсоли барқ тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар неругоҳи барқии обии Роғун нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 баробар афзуд.

Тибқи маълуомти ШСХК “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар неругоҳи Роғун 595 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 385 млн кВт/соат зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон танҳо ду агрегати неругоҳи Роғун кор мекунанд: агрегати аввал моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.

Дар нерӯгоҳи Роғун  насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ иқтидори он 3 ҳазору 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна аст. Анҷоми пурраи сохтмони неругоҳ соли 2033 дар назар аст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Чанде пеш вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли равон ба сохтмони неругоҳи Роғун аз ҳисоби буҷет 2,1 млрд сомонӣ ҷудо шуда, то ин дам 1,3 млрд сомонӣ аз ин маблағ азхуд шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, аз оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд сомонӣ азхуд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...