Дар 6 моҳ ба сохтмони неругоҳ Роғун 1,3 млрд сомонӣ равона шуд

Соли равон ба сохтмони неругоҳи Роғун аз ҳисоби буҷет 2,1 млрд сомонӣ ҷудо шуда, то ин дам 1,3 млрд сомонӣ аз ин маблағ азхуд шудааст. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки маблағгузорӣ ба нерӯгоҳ бо назардошти нақшаи пешбинишуда сурат мегирад. “Ба сохтмони неругоҳи Роғун тадриҷан ва давра […]

Соли равон ба сохтмони неругоҳи Роғун аз ҳисоби буҷет 2,1 млрд сомонӣ ҷудо шуда, то ин дам 1,3 млрд сомонӣ аз ин маблағ азхуд шудааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки маблағгузорӣ ба нерӯгоҳ бо назардошти нақшаи пешбинишуда сурат мегирад.

“Ба сохтмони неругоҳи Роғун тадриҷан ва давра ба давра ҳар моҳ пул ҷудо мекунем”, – иброз дошт вазир.

Охири моҳи январи соли ҷорӣ директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода ба аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ки Ҷамъият назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ беш аз 1 млрд сомонӣ (наздики 100 млн доллар) қарздор аст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, аз оғози бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд сомонӣ азхуд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.

Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ иқтидори он 3 ҳазору 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна аст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.