Ақди никоҳи ровии телевизион Александр Гордон бо Нозанин Абдулвосиева бекор шуд

Asia-Plus

Ровии 56-солаи шабакаҳои телевизиони Русия Александр Гордон аз ҳамсараш – Нозанин Абдулвосиеваи 26-сола бо ду писараш ҷудо шуд.

Тавре "Московский комсомолец" хабар медиҳад, ин ҷуфт оромона ва бе шӯру валвала дар ВАО ҷудо шуда, ташаббускори ҷудошавӣ зан будааст.

Моҳи июн Абдулвосиева барои ҷудошавӣ ариза дода, 17 июл – дар рӯзи ба синни 26-солагӣ расидани Ноза суди ноҳияи Пресненский ақди никоҳи ӯро бо ровии телевизион расман бекор кард.

“Байни ҳамсарон ҳеҷ даъвоҳо ҷой надошта, ҳамаи масъалаҳои вобаста ба алименту амволро онҳо бо тартиботи тосудӣ ҳал карданд” – менависад нашрия.

Қобили зикр аст, ки Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари маъруф Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар мебошад. Ӯ дар синни 20-солагӣ ба Александр Гордони 50-сола ба шавҳар баромада буд. Нозанин хатмкардаи ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кинои Русия мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...