Қаноатмандии вазири мудофиа аз омодагии ҳарбии гарнизони Хоруғ

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо имрӯз, 5 август дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ аз тамринҳои низомии бузургмиқёси зиддитеррористӣ натиҷагирӣ кард. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар фурудгоҳи Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётии кишвар […]

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо имрӯз, 5 август дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ аз тамринҳои низомии бузургмиқёси зиддитеррористӣ натиҷагирӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар фурудгоҳи Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётии кишвар саф оростанд.

Вазири мудофиа омодагии ҳарбии сарбозону афсарони гарнизони Хоруғро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба ҳайати шахсии дар машқҳои низоми иштироккарда изҳори сипос намуд.

Ӯ аз фармондеҳон қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо даъват кард, ки доимо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ, техника ва силоҳу муҳимоти низомӣ талош варзанд.

Мувофиқи фарзияи машқҳо, гурӯҳҳои сершумори террористӣ кӯшиш мекунанд, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Ин амал қисман ба онҳо муяссар мешавад. Вазифаи ҳайати шахсии дар тамринҳо иштирокдошта зада баргардонидан ва маҳви террористон буд.

Дар размоиш тарзи амалу рафтор ҳангоми ба иҳота гирифтани нерӯҳои терроризми байнулмилалӣ, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ даромадаанд, инчунин ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии афсарону сарбозону эҳтиётӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар таҷрибаи амалӣ санҷида шуданд.

Дар тамринҳои низомии зикршуда 10 ҳазор нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни гарнизони Хоруғ, инчунин сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз ҳисоби шаҳрванони минтақа иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.