Дар Душанбе марди 46-сола духтари ноболиғро ба никоҳи худ даровардааст

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони милитсия сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Давлатманд Касировро барои ба никоҳи худ даровардани ноболиғи 12-сола боздошт намудаанд. 

Бино ба иттилои ВКД,  Давлатманд Касиров, маъруф бо исми Ҳоҷидавлат, ки  қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16 нарасидааст ва дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд, боз такроран ба кирдорҳои ҷиноятии худро идома додааст.

Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки номбурда дар баробари зиндагии якҷоя доштан бо ду зан дар як вақт, инчунин ноболиғи 12-солаи аз худаш 34 сол хурдро, ки ҳамсоли фарзанди хурдияш аст, бар хилофи меъёрҳои дини Ислом бе ширкати волидайн ва наздикон ба никоҳи худ даровардааст.

“Ин мард моҳи ноябри соли 2012 ҳаҷи фарзиро анҷом дода, худро ҳамчун шахси Худотарс ва тақводор вонамуд мекард”, – гуфта мешавад дар навор.

Ҳамзамон модари духтар дар навор қисса мекунад, ки Давлатманд Касировро эҳтиром намуда, аз ҳодисаи мазкур огаҳӣ надошт ва онро аз нафари дигаре шунида, ба мақомот муроҷиат кардааст.

Духтараки ноболиғ дар навори видеоӣ нақл мекунад, ки: "Омад гуфт, ки маро мегирӣ? Не, шумо чени бобом мешавед гуфтам. Баъдан занаш гуфт, ки “ҳо бигӯ”. Ман нафаҳмида ҳо гуфтам. Баъдан гуфт, ки ба тамошо мебарад, майлаш гуфтам. Баъдан хостам ва қабулат кардам гуфт. Шаб омадем маҷбур кард, ки дар бари худ ва занаш хоб кунам, аммо ман не гуфтам, ки маро зад”, – омадааст дар навор. 

https://www.youtube.com/watch?v=vPk5X4KC8mU

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...