Дар Душанбе марди 46-сола духтари ноболиғро ба никоҳи худ даровардааст

Кормандони милитсия сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Давлатманд Касировро барои ба никоҳи худ даровардани ноболиғи 12-сола боздошт намудаанд.  Бино ба иттилои ВКД,  Давлатманд Касиров, маъруф бо исми Ҳоҷидавлат, ки  қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16 нарасидааст ва дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида […]

Кормандони милитсия сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Давлатманд Касировро барои ба никоҳи худ даровардани ноболиғи 12-сола боздошт намудаанд. 

Бино ба иттилои ВКД,  Давлатманд Касиров, маъруф бо исми Ҳоҷидавлат, ки  қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16 нарасидааст ва дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд, боз такроран ба кирдорҳои ҷиноятии худро идома додааст.

Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки номбурда дар баробари зиндагии якҷоя доштан бо ду зан дар як вақт, инчунин ноболиғи 12-солаи аз худаш 34 сол хурдро, ки ҳамсоли фарзанди хурдияш аст, бар хилофи меъёрҳои дини Ислом бе ширкати волидайн ва наздикон ба никоҳи худ даровардааст.

“Ин мард моҳи ноябри соли 2012 ҳаҷи фарзиро анҷом дода, худро ҳамчун шахси Худотарс ва тақводор вонамуд мекард”, – гуфта мешавад дар навор.

Ҳамзамон модари духтар дар навор қисса мекунад, ки Давлатманд Касировро эҳтиром намуда, аз ҳодисаи мазкур огаҳӣ надошт ва онро аз нафари дигаре шунида, ба мақомот муроҷиат кардааст.

Духтараки ноболиғ дар навори видеоӣ нақл мекунад, ки: "Омад гуфт, ки маро мегирӣ? Не, шумо чени бобом мешавед гуфтам. Баъдан занаш гуфт, ки “ҳо бигӯ”. Ман нафаҳмида ҳо гуфтам. Баъдан гуфт, ки ба тамошо мебарад, майлаш гуфтам. Баъдан хостам ва қабулат кардам гуфт. Шаб омадем маҷбур кард, ки дар бари худ ва занаш хоб кунам, аммо ман не гуфтам, ки маро зад”, – омадааст дар навор. 

https://www.youtube.com/watch?v=vPk5X4KC8mU

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.