Мошини овозхон дар он ҳалокшударо муовини прокурори яке аз ноҳияҳои пойтахт идора мекард

Asia-Plus

Садама шаби гузашта тахминан соати 4-и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, наздикии Донишоҳи омӯзгорӣ рух дод.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ронанда ва ду мусофири автомашинаи “Ленд Крузер-200” дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Мастӣ аз чист, маълум нест.

“Автомашинаи истеҳсоли хориҷӣ, ки бо суръати баланд дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат мекард, ба автомашинаи КамАЗ бархӯрд. Мошинро муовини прокурори ноҳияи Фирдавси пойтахт Ислом Анварзодаи 29-сола идора мекард”, – хабар медиҳад Вазорат.

“Мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ронанда ва муофири дигар Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зикр мегардад, ки баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Маросими чанозаи овозхон имрӯз соати 12:00 дар масҷиди “Ҳазрати Мавлоно” дар ноҳияи Рӯдакӣ доир мегардад.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Таронаи аввалини худро бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” ӯ ҳангоми соли аввали таҳсилаш дар Донишкадаи санъат сароида буд.

Ӯ яке аз сарояндагонест, ки муддати 10 соли фаъолияти эҷодӣ ба мухлисонаш 19 албоми таронаҳояшро пешкаш кардааст “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят”, “Муҳоҷирбача” ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба ба дарёфти ҷоизаҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” шарафёб гардида, солҳои 2011 ва 2014 ду маротиба ба ҷоизаи маъруфи амрикоии Big Music Awards соҳиб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...