БОР ба Тоҷикистон баҳри мубориза бо COVID-19 $2,5 млн гранти иловагӣ медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон ҷудо кардани гранти иловагиро ба маблағи 2,5 млн доллар маъқул донист.

Тавре дар сомонаи Бонк хабар дода мешавад, ин маблағ аз Фонди вокуниш ба офатҳои табиии Осиёву Уқёнуси Ором барои дастгирии минбаъдаи тадбирҳои ҳукумат дар мубориза бо пандемияи коронавирус ҷудо мешавад.

“Бонки осиёии рушд комилан ҷонибдори он аст, ки ба Тоҷикистон дар то ба ҳадди ниҳоӣ паст овардани таъсири пандемия ба солимии одамон ва иқтисоди кишвар кумак кунад”, – гуфтааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава.

Гуфта мешавад, гранти мазкур ба Тоҷикистон дар таъҷилан харидории маводу лавозимоти зарурии тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 мувофиқи нақшаи миллии вокуниш ёрӣ мерасонад.

“Аз ҳисоби ин грант харидории таҷҳизоти тиббӣ ва дигар чорабиниҳо баҳри кумак ба ҳукумат дар ҳалли таъҷилии мушкили вобаста ба мубориза бо пандемия низ маблағгузорӣ мешаванд”, – гуфтааст Прадип Сривастава.

Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 928 ҳазору 200 доллар грант кумаки техникӣ ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...