ҲХДТ 3 сентябр номзади худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунад

Дар Анҷумани XIVғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) масъалаи пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, ки интихоботи он ба рӯзи 11 октябр таъин шудааст, баррасӣ мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дафтари кории ҲХДТ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб дар бораи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб тасмим гирифтааст. Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Анҷумани XIVғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) масъалаи пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, ки интихоботи он ба рӯзи 11 октябр таъин шудааст, баррасӣ мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дафтари кории ҲХДТ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб дар бораи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб тасмим гирифтааст.

Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ таҳти раёсати пешвои ҳизб, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.

Дар ҷаласа қайд шудааст, ки номзади ҳизб ба мансаби президенти кишвар дар интихоботи 6 ноябри соли 2013, президенти ҳозираи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз барномаи пешазинтихоботии худро асосан амалӣ намудааст.

Рӯзи 6 август дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон дар бораи рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор шудани интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон қарор қабул шуд.

Акнун аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд ба пешбарии номзадҳои худ ба мансаби президенти Тоҷикистон оғоз кунанд.

Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.