Чаппа шудани кран дар яке аз сохтмонҳои Душанбе

Бегоҳии рӯзи 8 август дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари ин ҳодиса 2 корманди 22 ва 23-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, яке аз онҳо, сокини […]

Бегоҳии рӯзи 8 август дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари ин ҳодиса 2 корманди 22 ва 23-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, яке аз онҳо, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Вазъи солимии коргари осебдидаи 23-соларо, ки ӯ ҳам сокини пойтахт аст, табибон вазнини миёна арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз чаппа шудани кран ба боми баъзе манзилҳои наздики майдони сохтмон низ зарар расонида шуда, сокинони он осеб надидаанд.

Зимнан зикр шуд, ки ҳангоми чаппа шудани кран шахси идоракунандаи он дар ҷойи кориаш набудааст.

Комиссияи махсус сабабҳои чаппа шудани крани борбардор ва мизони зарари расида ба сокинонро таҳқиқ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.