Муллои маҳсгар ва бадахлок дар Ҳисор боздошт гардид

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокини шаҳри Ҳисор моҳҳои сентябр – октябри соли 2019 дар маҳалли зисташ худро муллои ҷинбарор эълон намуда, ба ном табобати шахрвандонро бе доштани маълумоти расмии динӣ дар намуди маҳсгароӣ, дуохонӣ, аз бадан баровардани ҷин, сеҳру ҷоду ва бахткушоӣ ба роҳ монда, бо суистифода аз боварӣ барои табобат маблағҳои пулӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Ҷӯрабой Сочаев моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ба охирин ваъда медиҳад, ки аз баданаш ҷин ва сеҳру ҷодуро мебарорад, ки дар натиҷа номбурда шифо меёбад ва арзиши табобатро 3 ҳазор сомонӣ муқаррар мекунад.

“Шурӯъ аз ҳамон лаҳза то аввалҳои моҳи январи соли 2020 Сочаев Ҷ.Н. бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварии номбурда дар ҳафта як-ду ва дар маҷмӯъ даҳ маротиба дар манзили истиқоматӣ бо суистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом медиҳад. Инчунин, ӯ бо ин роҳ шаҳрванд “А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи боло зикршуда бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда танҳо 1600 сомонии ӯро тасарруф менамояд. Аммо аз ин табобат дар саломатии шаҳрванд “А” ягон беҳбудӣ пайдо нагардида, аз ин кирдорҳои ҷиноятии Сочаев Ҷ.Н. ба охирин зарари калони моддӣ расонида шудааст”, – мегӯяд манбаъ.

Инчунин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев Ҷ.Н. муайян ва ошкор карда шудааст.

Номбурда бо чунин тарзу усул дар давоми аз охирҳои моҳи январ то 25 феврали соли 2020 чунин амалҳои зишти худро нисбат ба 5 нафар шаҳрвандон бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз ҳиссиёт ва боварии динии онҳо анҷом дода, бо ин кирдорҳои барқасдонаи худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 (ҳаракати бадахлоқона) қисми 1 ва 247 (қаллобӣ) қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир менамояд.

Нисбат ба Сочаев Ҷ.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор аз 21 майи соли 2020 Сочаев Ҷ.Н. бо моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...