Прокуратураи генералӣ тафсилоти таҷовузи духтараки 3-соларо шарҳ дод

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳодисаи Юсуф Зиёевро, ки барои таҷовузи духтараки сесола дар пойтахт ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ гирифт, шарҳ дод.  Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, ӯ қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин – таҷовуз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳодисаи Юсуф Зиёевро, ки барои таҷовузи духтараки сесола дар пойтахт ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ гирифт, шарҳ дод. 

Ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, ӯ қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин – таҷовуз ба номус ва ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида даст задааст.

Манбаъ мегӯяд, ки Зиёев Ҳ. бо мақсади мардикорӣ ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ надоштааст ва мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва кӯчаву паскӯчаҳои беодам шабҳоро гузаронидааст.

“5 майи соли 2020 ҳангоми гузаштан аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, бинобар ҳолати мастии майзадагӣ ҳиссиёти шаҳвониаш боло рафта буд, хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017-ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алокаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст”.

Дар шарҳи тафсилоти ҳодисаи мазкур гуфта мешавад, ки ин ҷавон бо мақсади ғаразнок, яъне содир намудани таҷовуз ба номус ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо духтари хурдсол “А” бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани маводи хӯрока, охиринро тариқи автомашинаҳои мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон-2 ноҳияи Сино бурдааст.

“Зиёев Ю.Р. баъд аз ин, ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари ҳуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А”-ро дохили ҳуҷраи номбурда, ки тавоноии 1000 кВА-ро дорад, даровардааст. Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва кӯрпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст”, – мегӯяд манбаъ.

Инчунин гуфта мешавад, ки ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Рӯзи 7 майи соли 2020 шаҳрвандон духтари хурдсол “А”- ро дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Зиёев Ю.Р. 08 майи соли 2020 дастгир гардида, нисбаташ бо аломатҳои моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 9 июли соли 2020 Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) қисми 3 банди “а”, 139 (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) қисми 4 банди “а” ва 127 (Вайрон кардани қоидаҳои ҷарроҳии пайвандсозӣ) қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар маҷмӯъ ба ӯ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.