“Гувоҳи эътирофи ҷомеа”. Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Беларус Александр Лукашенко ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ғолибияти Александ Лукашенкоро дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳмаш дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус номида, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Беларус Александр Лукашенко ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ғолибияти Александ Лукашенкоро дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳмаш дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус номида, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаашро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид кард.

“Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям”, – омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумони ҳар ду кишвар медонад.

“Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам”, – қайд мешавад дар фарҷоми барқия.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ низ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат саҳми арзишманди ӯро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.