Ифтитоҳи толори нави Мегафон Тоҷикистон дар бозори “Фаровон”-и Бохтар

Ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» васеъкунии доираи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Нуқтаи нави фурӯши чакана дар яке аз ҷойҳои серодамтарини  маркази вилоят – дар назди бозори «Фаровон»  кушода шуд.       Толори алоқа  дар даромадгоҳи зеризаминии бозори марказии «Фаровон» дар кӯчаи Наринов ҷойгир шудааст. Харидорони бозор метавонанд ба  мушовирони МегаФон муроҷиат карда,  ба дилхоҳ саволи […]

Ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» васеъкунии доираи толорҳои фирмавиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Нуқтаи нави фурӯши чакана дар яке аз ҷойҳои серодамтарини  маркази вилоят – дар назди бозори «Фаровон»  кушода шуд.      

Толори алоқа  дар даромадгоҳи зеризаминии бозори марказии «Фаровон» дар кӯчаи Наринов ҷойгир шудааст. Харидорони бозор метавонанд ба  мушовирони МегаФон муроҷиат карда,  ба дилхоҳ саволи  худ, аз қабили  интихоби  тарофа ва опсияи мувофиқ, танзими таҷҳизоти мобилӣ барои истифодаи  интернети мобилии босуръат, зуд ва осон  ҷавоб пайдо намоянд.        Ҷойгиршавии қулай барои ҳамарӯза аз хизматрасонии сатҳи баланд  баҳравар шудани садҳо нафар муштариён  имконият медиҳад.   Вақти кории толори нав – аз с. 8:00 то 17:00.

«Хизматгузории босифат бояд воқеан ҳам дастрас бошад. Мо дер боз  кӯшиш доштем, ки муштариёни мо барои рафтан ба толори алоқа вақти пурқимати худро зиёд сарф накарда, мушкилоти худро дар наздикӣ давоми якчанд дақиқа ҳал намоянд. Аз ин ҷиҳат бозори «Фаровон» хеле ҷои  муносиб аст.  Шаҳрвандон ба ин ҷо  барои харид омада, ҳангоми баромад метавонанд ба толори мо ташриф намоянд. Мо ҳамеша барои қулайтар гардонидани имкониятҳои мизоҷон  кӯшиш ба харҷ медиҳем!» – иброз дошт Директори Раёсати минтақавии ширкати  «МегаФон Тоҷикистан» дар вилояти Хатлон  Маҷид САЙТАСАНОВ.   

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.