Tcell собиқадорони варзишро бо иди касбиашон табрик кард

Date:

Ширкати пешсафу навовари Тоҷикистон  –  Tcell, муштаракан бо Кумитаи ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони ҳирфаиро бо Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10 август таҷлил мешавад, табрик намуд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Директори генераалии Tcell Озодхон Давлатшоев шахсан ба табрики варзишгарон омада, онҳоро таҳният гуфт.  «Рӯзи варзишгар – иди миллӣ аст, ки ҳамаи дӯстдорони варзиш, варзишгарони касбӣ ва ҷонибдорони тарзи ҳаёти солимро муттаҳид месозад, яъне ин ид иди ҳамагон аст. Бояд илова намоям, ки ман ба ғайр аз он ки роҳбарии бузургтарин ширкати мухобиротии ватаниро ба зиммаа дорам, ҳамчунин Раиси Федератсияи велосипедронони ҶТ низ мебошам ва аз мушкилоту пешрафти варзиш дар мамлакат хуб огаҳӣ дорам. Барои ман заҳмати шабонарӯзии варзишгарон, мусоидати ҳамешагии масъулин дар пешрафти бахш, дастовардҳо ва дигар паҳлӯҳои соҳа ошно мебошанд.  Аз ин рӯ Tcell, ҳамчун ширкати навовари кишвар фаълона аз тарзи ҳаёти солими шаҳрвандон пуштибонӣ карда, ба рушду нумӯъи бахши варзиши ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд”. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Озодхон Давлатшоев ба варзишгарони хизматнишондода ва собиқадор тӯҳфаи хотиравӣ ва соатҳои ҳушманд  (Smart-соатҳо) тақдим кард, ки ин соатҳо барои варзишгарон ҳамчун ёрдамчӣ дар ростои нишон додани тайёрии ҷисмонии онҳо хизмат хоҳанд кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои Tcell дастгирии варзиш, сарпарастии мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва варзишгарон аз ҷумлаи масъулиятҳои иҷтимоии ширкат маҳсуб меёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Tcell бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монда, Лигаи футболи бачагонаро бо шиори «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» сарпарастӣ мекунад. Tcell ҳамчунин дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, яке аз сарпарастони аслии Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни Лигаи олии футболи мамлакат мебошад.   

ИЗОБРАЖЕНИЕ

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...