Муносибатҳои зичи савдои хориҷӣ – самти афзалиятноки ҳукумати Тоҷикистон

tojiki

Ҳамкории зич бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули ҳамгироӣ ба низоми бисёрҷонибаи тиҷоратӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқтисоди кишвар ҳаётан муҳим буда, Тоҷикистон ба рушди фаъолияти савдои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ҳамаи захираҳоро ба тақвияти имконоти содиротии кишвар, афзоиши ҳиссаи маҳсулоти саноатии ниҳоӣ дар ҳаҷми умумии содирот ва  бартараф кардани монеъаҳои мавҷудаи маъмурӣ равона мекунад.

Дар самти густариши савдо бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ дастуру супооришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қонунигардонии минбаъдаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба қонунигардонии амалиёти асъорӣ ва содиротӣ иқдоми муҳим дониста мешаванд. Дар натиҷа нишондиҳандаҳои фаъолияти савдои хориҷии ҷумҳурӣ ҳам аз лиҳози сифат ва ҳам аз нигоҳи ҳаҷм зиёд шуданд.

Қонунигардонии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар маҷмӯъ ба рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвар мусоидат намуд, дар давраи солҳои 1991-2012 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ дар нархҳои ҷорӣ қариб 40 баробар афзуда, аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 – 4 млрд 524 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешбурд ва ҳимоя аз манфиатҳои иқтисодии кишвар ва иштирок дар низоми муносибатҳои бисёрҷонибаи тиҷорати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқӣ Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид.

Ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии савдо қонунигардонии фаъолияти савдои хориҷиро бо мақсади фаъолсозии иштироки пурсамари хоҷагидории миллӣ дар тиҷорати байналмилалӣ дар назар дорад.

Дар доираи Барномаи мутобиқгардонидани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС ва Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016-2020, соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) таҳия шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвар дар Осиёи Марказӣ шуд, ки чунин майдони нодири савдоро таъсис дод.

Захираи таъсисёфта тамоми маълумоти заруриро дар бораи низоми савдо ва фаъолияти тиҷорати хориҷии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Он ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи маълумот дар бораи расмиёти содироту воридот ва транзити зиёда аз 50 гурӯҳи молҳо, ки ба 1500 номгӯи молу маҳсулот баробаранд, имкон медиҳад.

Дар онлайн-платформаи Портали савдои Тоҷикистон ба соҳибкорон дар шакли дастрасу фаҳмо расмиёт зина ба зина шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Дар Портал ҳамаи ҳуҷҷату шаклҳои зарурӣ барои анҷоми расмиёти савдо (иҷозатнома, гувоҳнома (сертификат) ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҷойгир шудаанд, ки содиркунандагони молу маҳсулот бояд ба ҳар як мақомоти танзимкунанда, ки дар сарҳад фаъолият мекунанд, пешниҳод созанд ё ҷамъоварӣ намоянд ва доир ба боҷу пардохтҳо, ки трейдерҳо бояд пардохт кунанд, маълумоти муфассал пешниҳод мешавад.

Масалан, соҳибкори ватанӣ, ки ба содироти консерваҳо аз сабзавоту меваҳо ё афшураҳои мева манфиатдор аст, ба бахши “Содирот” ворид шуда, сипас гӯшаи “Консерваҳо аз мева ва сабзавот”-ро интихоб мекунад. Дар идома низом иҷозаро дарҷ мекунад, ки содироткунанда бояд барои анҷоми расмиёт гирад. Содиркунанда тасвири комили ҳамаи расмиётро дида метавонад, яъне ҳамаи зинаҳо ҷиҳати содироти маҳсулоти дилхоҳ.

Бо истифода аз Портали савдои Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ вақту хароҷот барои дастрас кардан ва таҳлили маълумотро дар бораи муносибатҳои тиҷоратӣ сарфа мекунанд ва хавфи таваққуфи борҳоро дар сарҳад бинобар сабаби риоя накардани талаботи содирот ба ҳадди пасттарини ниҳоӣ мерасонанд. Ба мақомоти танзим платформаи таъсисёфта дар ошкор кардан ва бартараф намудани ҳама гуна монеъаҳои маъмурӣ, ки дар роҳи содиркунандагон меистанд, кумак мерасонад.

Айни замон дар Портали савдои Тоҷикистон дар бахши “Истеҳсолкунандагон” 52 корхонаи Тоҷикистон зикр шудаанд, ки наздики 100 навъи молу маҳсулотро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор маълумотро дар онлайн-платформаи Поратли савдои Тоҷикистон дар реҷаи доимӣ илова ва навсозӣ мекунад.

Ба туфайли кори платформаи мазкур ҳаҷми содироти семент, риштаи пахтагӣ, маъдану консентратҳо, қолин, картони гачӣ ва дигар молу маҳсулот афзуд. Ҳиссаи содирот дар ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар аз 18,9% дар соли 2013 то ба 27,4% дар соли 2019 зиёд шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки ояндаи наздик сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бояд дар се самт – ҳавасмандсозии содирот, гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содакунии расмиёти савдо равона мегардад. Фаъолияти Портали савдо барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо нигаронида шудааст ва ба соҳибкорони ватанӣ тамоми маълумоти заруриро пешниҳод менамояд, инчунин расмиёти содиротиеро, ки аз ҷониби онҳо анҷом дода мешавад содаву оснотар мегардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...