Гулназар Келдӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд

Муаллифи сурди миллии ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт, рӯзи 13 август дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Чанд рӯз пеш ӯ ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар яке аз бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда буд. Дар маросими ба роҳи охират гусел кардани шоири тавоно, ходимони […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Муаллифи сурди миллии ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт, рӯзи 13 август дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Чанд рӯз пеш ӯ ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар яке аз бемористонҳои пойтахт бистарӣ шуда буд.

Дар маросими ба роҳи охират гусел кардани шоири тавоно, ходимони илму фарҳанг, намояндагони ҳукумат, котиби матбуотии президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ва дигар шахсони маъруфи кишвар ҳузур доштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуд.

Оромгоҳи Лучоб дар қисмати ҷануби боғи ҳамноми он воқеъ аст. Соли 1980 дар қисми ҷанубии боғ мақбараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бунёд шуда, аз он замон он макони мақбараи намояндагони шинохтаи илму фарҳанги кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ин ҷо оромгоҳи намояндагони саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон – Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷалол Икромӣ, Тӯҳфа Фозилова, Ғаффор Валаматзода, Малика Собирова, Рауф Баротов, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат ва дигар ходимони маъруфи давлатию сиёсии кишвар ҷойгир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.